
ЁВОН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон дар доираи Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” бо ҷалби хатмкунандагони муассисаҳои таълимӣ ва соҳибкорону саховатмандон ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии № 15 кӯмаки навбатӣ расонида шуд.
Аз ҷониби хатмкунандагони МТМУ № 15 Тағоев Ҷамшед, Исоқов Қурбоналӣ, Каримов Асомиддин, Зоғов Қурбоналӣ, Каримов Қиёмиддин, Холмуродов Абдуқиём, Толибов Мусаям, Камолов Устосаид, Давлатов Рустам хатмкунандагони муассисаи мазкур ба миқдори 10 ҷуфт мизу курсӣ кӯмак расонида шуд.
Инчунин, дар саҳни муассиса бо ҷалби падару модарон атрофи дастгирии сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, рӯ овардан ба мактаб, риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” анҷом додани корҳои хайру сахо барои ободонии мактабҳо, ба ҷойи баргузории маъракаҳои аъзодорӣ кӯмак намудан ба муассисаҳои таълимӣ андешаронӣ намуданд.