Барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум!

ҲАР ЯК УЗВИ ҲХДТ БОЯД МАСЪУЛИЯТИ БАЛАНДИ ВАТАНСОЗӢ ДОШТА БОШАД!

ТЕМУРМАЛИК. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ.  Маҷлиси ҷамъбастии  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик оид ба фаъолияти шашмоҳаи якуми соли ҷорӣ баргузор гардид.

Раиси Кумитаи иҷроияи  ноҳиявӣ  Раҷабзода Маҳмадсаид аз натиҷаи фаъолият дар нимсолаи  якуми соли 2019 ва вазифаҳои навбатӣ дар нимсолаи дуюми соли равон  ва масъалаҳои баромад намуд.

Дар идомаи маҷлис вобаста ба масъалаҳои  ҷорӣ ба як гӯруҳ аъзои нави ҲХДТ шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуда,  инчунин узви Кумитаи иҷроияи вилоятӣ ва ноҳиявии ҲХДТ, раиси ноҳия Аминзода  Фотеҳ  Файзулло дар бораи фаъолияти пурсамар ва нақши Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Раиси муаззами он муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ибрози андеша намуда,  қайд кард, ки   аз ҳар як узви ҳизб масъулияти баланди  ватандӯстиву тавансозиро  дар амалигардонии сиёсати хирадмандонаи Роҳбари давлат  тақозо менамояд.

Инчунин, мавсуф  дар охир аз иштирокдорон даъват ба амал овард, ки ҷиҳати беҳдошти корҳои ҳизбӣ ва боз ҳам беҳтар намудани фаъолияти худ тамоми тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намоянд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg