БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

СОЛИМИИ ҶОМЕА БОИГАРИИ ДАВЛАТ АСТ!

ҶАЙҲУН. Дар доираи “Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ”. Бо ташабуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун  дар ташкилоти ибтидоии «Ш. Шоҳин» хониши сиёсӣ баргузор гардид.

         Дар чорабинии мазкур масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Бекмамадов Асалмамад иштирок ва суханрони намуда, дар рафти суханрониашон аз китоби тозанашри КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон бо номи «Каъбаи умеди мо халқ асту бас!» иқтибос оварда, иброз доштанд, ки: «Солимии миллат пояндагии онро таъмин менамояд. Аз ин рӯ Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо мақсади дастгирии мардум ба хизматрасонии сифатноки тиббӣ такмили низоми идоракунии соҳаи тандурустиро муҳим шуморида, ҷорӣ намудани рақобати солим, ташаккули низоми муосири хизматрасонӣ бо истифода аз техналогияҳои замонавӣ ва тайёр кардани мутахассисони соҳибкасби соҳаро аз ҷумлаи иқдомоти зарурӣ медонад».

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg