БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲАДАФҲОИ СОЗАНДАИ ҲХДТ ДАР АМАЛ

ШАҲРИТУЗ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии «Беморхонаи №3»-и  ҷамоати деҳоти Пахтаободи ноҳияи Шаҳритуз оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ хониши сиёсӣ гузаронида шуд.

Аз ҷониби масъулини ҳизбӣ самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб, моҳияти Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!», пешгирии касалиҳои сироятӣ, пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои гуногуни хусусияти террористӣ-экстремистидошта  суханронӣ намуданд.

Ҳамзамон, бо мақсади дастгирии шахсони маъюбу бепарастор қисмати амалии Аксияи ҳизбӣ  роҳандозӣ гардида, бо  мусоидати вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шаҳритуз Алиқулова Салима,   ба шахсони маъюбу бепарастор ва собиқадорони ҷангу меҳнат ёрии тиббии ройгон расонида шуда,  бо маводи доруворӣ  таъмин карда шуданд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg