
Ш.ШОҲИН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии «Беморхонаи Даштиҷум» бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин хониши сиёсӣ доир карда шуд.
Дар мулоқот муовини раиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб Асақолов Алиҷон иштирок намуда, дар бораи бемориҳои сироятӣ ва роҳҳои пешгирӣ аз онҳоро ба ҳозирин фаҳмонида, кормандони соҳаро ба софдилона хизмат намудан ба халқу Ватан ва дури ҷӯстан аз амалҳои коррупсионӣ таъкид сохт.
Инчунин, дар рафти суҳбат дигар паҳлуҳои самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, вазъи имрӯзаи Тоҷикистону чаҳон ва заҳмату талошҳои Пешвои миллат дар ҳалли масъалаҳои дохиливу хориҷӣ ва зуҳуротҳои номатлуб, аз қабили терроризму экстремизм, баррасӣ гардид.
Дар татбиқи қисмати амалии Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Якчоя ҳал мекунем!» дар назди бинои Беморхонаи мазкур як адад дорухонаи замонавӣ бо тамоми таҷҳизотҳои хизматрасонии муосир сохта дар арафаи таҷлили 25-солагии таъсисёбии ҲХДТ истифода дода хоҳад шуд.