БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҒОЛИБОН МУАЙЯН ГАРДИДАНД

КӮЛОБ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Мусобиқаи футбол бахшида 25-солагии ҲХДТ ва 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ байни ҷавонони деҳаю маҳаллаҳо барои дарёфти Ҷоми Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб ба марҳилаи ниҳоӣ расид.

Дар бозии ниҳоӣ ду дастаи беҳтарин, ки барои ба ин даври финалӣ расидан кӯшишҳои зиёд намуда буданд, байни ҳам вохӯрданд. Бозии финалӣ байни дастаҳои “Чортан” ва “Борбад” бисёр тезу тунд ва шавқовар гузашта, бо натиҷаи 3-2 ба нафъи дастаи футболбозони “Чортан” анҷом ёфт.

Дар охир аз ҷониби дастандарткорон ва Кумитаи иҷрияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб ба ғолибон ва дастаҳое, ки ҷойҳои ифтихориро ишғол намуданд, ифтихорнома ва туҳфаҳои таъсиснамударо бо тантана тақдим карданд. Мавриди зикр аст,ки ин мусобиқа аз оғоз то ба анҷом дар сатҳи баланд ва бо иштироки шумораи зиёди тамошобинон баргузор гардид. 

Бояд гуфт, ки гузаронидани чунин мусобиқаҳо баҳри солимии ҷомеа ва ҷалб намудани насли наврас ба варзиш ва тарзи дурусти ташаккули ҳаёти солим мусоидат мекунад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg