БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ДАРКИ МАСЪУЛИЯТИ БАЛАНД ДАР БУНЁДИ ҶОМЕАИ ШАҲРВАНДӢ ЗАРУР АСТ!

ҚУБОДИЁН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Тибқи нақша-чорабиниҳои тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён бо мақсади тарғиби  самтҳои афзалиятноки ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии “Навобод” хониши сиёсӣ дар мавзӯъи “Дарки масъулияти баланди шаҳрвандӣ дар бунёди  ҷомеаи шаҳрвандӣ”  бо иштироки  раиси Кумитаи иҷроияи  ноҳия Шарифзода Маҳмадаюб  вохӯрӣ доир карда шуд.

Мавсуф зимни субат қайд намуд, ки ҷовононро дар руҳияи худшиносии миллӣ, ифтихори ватандорӣ тарбия намуда, дар замири онҳо ҳисси  масъулиятнокии ҳимояи марзу буми Ватан, риояи бечуну чарои қонунгузориро бедор намуд. Дар ҳолати дарки масъулияти баланд  ҳар фард  дар ҷомеа   метавонад  ҷомеаи комил бунёд намояд.

Ҳамчунин, даъват карда шуд, ки барои амалӣ намудани Аксияи ҳизбӣ ҷиҳати созовор ҷашн гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар самти  ободонии маҳал саҳмгузор бошанд.   

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg