ЁВОН. Дар доираи Солибаланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Чанде қабл ҷиҳати иҷрои қисмати амалии Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» аз ҷониби кормандони Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб ва ташкилоти ибтидоии ҶСШК «Тоҷикхимпром» ба бошандагони Маркази иҷтимоии рӯзонаи «Умед» кӯмаки яквақтаинаи хӯрока расонида шуд.
Маркази иҷтимоии рӯзонаи «Умед» тайи 10 сол аст, ки фаъолият дорад. Марказ ба маъюбон ва шахсони яккаву танҳо дар хона ва марказ хизматрасонӣ менамояд.
Зимни баргузории вохӯрӣ муовини раиси Кумитаи ҲХДТ дар ноҳия Абдуллоева Саёҳат бо кормандон ва бошандагони марказ оид ба сиёсати инсонпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуда, таъкид кард, ки маъюбону шахсони яккаву танҳо доимо зери таваҷҷуҳи давлату Ҳукумат қарор доранд.
Коллектив ва бошандагони марказ иқдоми навбатии ҳизбиёнро давоми ғамхориҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ намуданд.