ДАНҒАРА. Дар ташкилоти ибтидоии “Молия” бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ хониши сиёсӣ баргузор гардид.
Дар идомаи суҳбат раиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ Каримзода Пирмуҳаммад вобаста ба мавзӯъҳои фарогири самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ, тавозуни бозори молиявӣ ва биржавӣ, баланд гардидани маҷмуъи маҳсулоти миллӣ, нишондодҳои иқтисодӣ дар сатҳи маҳал, саҳмгузорӣ дар корҳои ободониву созандагӣ дар доираи таҷлил ва истиқболи сазовори 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ, ҷараёни Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” суханронӣ намуд, ки писанди иштирокдорон гардид.
Инчунин, дар ҷараёни вохӯрӣ иброз дошта шуд, ки баланд гардидани нишондиҳандаҳои иқтисодӣ дар сатҳи маҳал, омили асосии фаъолияти самараноки аҳолӣ мебошад.