БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

СИЁСАТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ РАҲНАМОИ МОСТ!

ҲАМАДОНӢ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии  “Ориёно”-и Ҷамоати деҳоти Чубек хониши сиёсӣ ва қисмати амалии Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ баргузор гардид.

Зимни баромад Гадоӣ Сайдалиев бо ҷамъомадагон дар бораи сиёсати хирадмандонаю маорифпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ карда, афзуд, ки Ҳукумати мамлакат ба соҳаи илму маориф диққати аввалиндараҷа дода,  ислоҳотро дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот давом дода истодааст. Дар доираи барномаҳои давлатӣ ва бо иштироки аҳолӣ  дар давоми се соли оянда беш аз як ҳазору панҷоҳ муассисаи томактабӣ ва умумӣ бунёд карда мешавад, ки қисми зиёди онҳо дар деҳоти кишвар пешбинӣ гардидааст.

Инчунин, дар идома гуфта шуд, ки танҳо соли 2018 дар кишвар аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо 151 муассисаи таҳсилоти умумӣ бо зиёда аз 73000 ҷойи нишаст сохта, ба истифода дода шуд ва ин раванд дар оянда низ идома хоҳад ёфт.   

Дар охир Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!”  роҳандозӣ гардида, як адад синфхонаи муассисаи таълимии деҳаро шахсони ватандӯсту хайрхоҳ бо масолеҳи сохтмонӣ барои таъмир таъмин карданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg