БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҚОНУНИ ТАНЗИМ БА ХОНАДОНИ СОКИНОН ФАЙЗУ БАРАКАТ ОВАРД

ВАХШ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар доираи ҷадвали кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш дар ташкилоти ибтидоии «Комиҷроия» оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ дар мавзӯи «Ба мардум фаҳмонидани моҳияти қонунҳои миллӣ ва дар ин замина дуруст сафарбар кардани хайру сахо ба хотири рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва маънавию фарҳангии ҷомеа» вохӯрии судманд доир гардид. Нахуст,  зимни  баромад  раиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб  Одилҷон Маҳмадов қайд кард, ки дар оғози солҳои соҳибистиқлолӣ аз имтиҳони сангини таърих сарбаландона гузашта, таҳти сарварии  Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ваҳдати комили миллӣ расидем. Дар ин замина яке аз иқдоми муҳимми Роҳбарияти олии кишвар, ки ба рушди давлат ва мустаҳкам намудани заминаҳои сиёсиву иҷтимоии он мусоидат намуд, ин аввалин маротиба дар миқёси собиқ давлатҳои Иттиҳоди Шӯравӣ қабули қонунҳои миллӣ, махсусан Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» мебошад.

Дар баробари  қабул гардидани қонуни мазкур  зиндагии сокинон рӯ ба беҳбудӣ оварда,  пеши роҳи  зиёдаравию  хароҷотҳои беҳударо гирифт ва ба  хонадони ҳар як шаҳрванд  файзу баракат овард.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg