БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ХИЗМАТИ ХАЛҚ АСТ!

Ҷ.БАЛХӢ. Дар доираи “Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ”. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Маркази пуст»-и ноҳия доир ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва қисмати амалии Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» хониши сиёсӣ баргузор гардид

Дар хониши сиёсӣ Алиев Зафар оид ба сафарбар кардани аҳолӣ ба созандагиву бунёдкорӣ, ободу зебо гардонидани деҳотҳо, бунёди бунгоҳҳои тиббӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои терористию экстремистӣ суханронӣ намуд.

Ҳамзамон, дар робита ба иҷрои Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» бо ташаббуси Кумитаи иҷроия ва бо дастгирии раиси ташкилоти ибтидоӣ ба як нафар оилаи ниёзманд кумаки молиявӣ расонида шуд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg