БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

СОХТОРҲОИ ҲИЗБӢ ДАР РЕШАКАН КАРДАНИ ЗУҲУРОТИ НОМАТЛУБ НАҚШИ СОЗГОР ДОРАНД

Н.ХУСРАВ.  Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар  ташкилоти  ибтидоии  “Агентии  давлатии  ҳифзи  иҷтимоӣ ва шуғли  аҳолӣ”  вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ хониши  сиёсӣ  баргузор  гардид.

Масъулини  ҳизбӣ доир  ба  дастуру  супоришҳои  Роҳбарияти Олии  ҲХДТ, яке аз масъалаҳои ташвишовари ҷаҳони муосир  зуҳури терроризму экстремизм ёдовар шуда, қайд намуданд, ки  ҷомеаи имрӯза, ки пур аз таҳаввулоту бархӯрдҳо мебошад, рақобати  давлатҳои абарқудрат дар васеъ кардани доираи  нуфузи худ  дар ҷаҳон шиддат мегирад. Падидаҳои  экстремистиву  террористидошта низ дар шаклу қолабҳои  нави харобиовар зуҳур карда истодаанд.

Инчунин,дар ин раванд  самтҳои дигар афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ мавриди баррасӣ қарор дода шуда, ҷамъомадагон барои аз даст надодани ҳушёриву зиракии сиёсӣ, саҳм гузоштан дар ободии Ватан раҳнамоӣ карда шуданд.   

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg