БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МУЛОҚОТ ВОБАСТА БА ҲУШДОРИИ ҶОМЕА АЗ БЕМОРИҲОИ СИРОЯТӢ

КӮЛОБ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Вобаста ба иҷроиши нақшаи суҳбату вохӯриҳо дар ташкилоти ибтидоии “Саричашма”  дар мавзӯи “Солимии миллат- яке аз омилҳои рушди давлат” мулоқот роҳандозӣ гардид.

Дар  мулоқот Мунаввараи Бозоралӣ корманди масъули ҳизбӣ иштирок ва суханронӣ карда, гуфт, ки тарғиби ташаккули тарзи ҳаёти солим ва огоҳонидани ҷомеа аз бемориҳои гуногунии сироятӣ аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ба ҳисоб меравад.

Нахуст, дар мулоқот зикр гардид, ки тибқи нишондоди оморӣ дар ҷаҳон  ҳар рӯз ҳазорҳо нафар  ба АНМО/ВНМО (ВИЧ/СПИД) гирифтор мегарданд, ки  50 %-и инҳо ба ҷавонони аз синни 10 то 25 сола рост меояд. Дар ин миён мо ҳизбиён вазифадорем ба дарки ҷомеа расонем, ки саломатии ҳар яки мо дар дасти худи мост.

Инчунин, қайд шуд, ки мувофиқи мушоҳидаҳо нисфи зиёди омилҳои гирифторӣ ба бемориҳои сироятӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷанбаҳои ахлоқӣ доранд. Аз ин рӯ моро мебояд, ки  маданияти муносибати ҷомеаро ба гирифторони ин бемори  баланд бардорем, то шароити маънавӣ барои озоду ошкор дар ҷомеа зиндагӣ кардани чунин беморонро фароҳам орем ва ба муқобили ҳама гуна шаклҳои рафтори ғайриахлоқӣ мубориза барем.

 Дар фарҷом ба аъзои нави ҲХДТ билетҳои ҳизбӣ ботантана супорида шуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg