ЁВОН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Чанде қабл дар доираи нақша-чорабиниҳо бо иштироки фаъолон ва аъзои ташкилоти ибтидоии “Зафар”-и Ҷамоати деҳоти Норин атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар ҳамоиш аз ҷониби намояндагони Кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ дар самти рӯ овардани мардум ва падару модарон ба мактаб, назорати дурусти сару либоси хонандагон, дар таътили тобистона рӯ овардани онҳо ба китобхонӣ, иштироки падару модар дар дарсҳои омӯзгорон, риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва атрофи сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар масъалаи ба Ватан баргардонидани 84 нафар ноболиғон аз зиндонҳои давлати Ироқ, пешгирии шомилшавии ҷавонон аз ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстримистӣ, риояи фарҳанги миллӣ андешаронӣ намуданд.
Инчунин, дар идома моҳияти Қарори раиси вилояти Хатлон “Дар бораи андешидани чораҳои тақвият бахшидани ҳифзи иҷтимоӣ ба ниёзмандон” ва Аксияи таъмири муассиса таҳти унвони “Одам нашавад магар касе аз мактаб” ба ҷамъомадагон фаҳмонида шуд.