БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

КӮДАКОНРО АЗ БЕМОРИИ ДАРУНРАВӢ ҲИФЗ НАМОЕД!

АНДЕША. Дарунравӣ тавассути беобгардонии организм метавонад боиси фавти кӯдакон гардад. Дарунравӣ (Диарея) дар марҳалаи ҳозира дар байни дигар бемориҳои кӯдакона ҷои асосиро ишғол менамояд ва яке аз сабабҳое мебошад, ки фавти ҳам кӯдакон ва ҳам навзодонро асоснок менамояд. Сабабгори асосии дарунравӣ ин микробҳое мебошад, ки дар наҷосат ҷойгир шуда,ба организм ба воситаи даҳон дохил мешаванд. Бо фаро расидани фасли гармо шумораи бемориҳои дарунравӣ якбора зиёд мегардад. Ҷунки микробҳои касалиовар дар шароити гармӣ зуд афзоиш меёбанд.

Ин махсусан дар ҷойҳое бештар ба назар мерасад,ки партовҳо сари вақт тоза карда намешаванд, қоидаҳои беҳдошт ва вогирӣ нағз риоя карда намешаванд. Ба ғайр аз ин ба дарунравӣ зиёдтар кӯдаконе, дучор мешаванд, ки ба ҷои шири модар ҳар гуна ғизоҳои сунъӣ истеъмол менамоянд. Синамаконӣ имкон медиҳад, ки кӯдакон камтар ба дарунравӣ дучор гарданд. Шири модар ин манбаи беҳтарини моеъ ва ғизо барои кӯдакони мубталои дарунравӣ мебошад, зеро серғизо  буда, барои баланд бардоштани дараҷаи сироятнопазирии кӯдак ёрӣ мерасонад.

Риоя намудани тозагӣ кӯдакро аз дарунравӣ эҳтиёт менамояд. Яке аз манбаҳои сироятёбии кӯдакон ин тамос бо бемории сироятёфта мебошад, ки дар вақти беморӣ тавассути қайдкунӣ ва наҷосат микробҳои зиёдро хориҷ менамояд. Бисёре аз кӯдакон бошад баъди нӯшидани оби ноҷӯшида сироят меёбанд. Ба ғайр аз ин ба дарунравӣ зиёдтар кӯдаконе, дучор мешаванд, ки ба ҷои шири модар ҳар гуна ғизоҳои сунъӣ истеъмол менамоянд. Синамаконӣ имкон медиҳад, ки кӯдакон камтар ба дарунравӣ дучор гарданд.  Аломатҳои асосии дарунравӣ ин дар як рӯз 3 маротиба ё аз ин бештар зоҳир шудани наҷосати обакӣ мебошад. Баъзан беморӣ аз қайкунӣ меёбад. Қайкунӣ низ 2-3 маротиба ё пай дар пай оғоз меёбад. Зуҳуроти дигари бемори бетоқатӣ, ҳарорати баланд, ташнагии сахт, хушкшавии луобпардаҳои даҳон, фурӯравии чашмҳо ба косахонаи сар, хушкии пӯсти бадан ва кам шудани пешоби кӯдак мебошанд. Агар аз як тараф нишонаҳои камобии бадан вазнинии ҳолати кӯдакро асоснок гардонанд, аз тарафи дигар дар аснои таби баланд заҳролудии бадан зиёд мешавад.Ин метавонад дар муддати кӯтоҳ сабабгори носомонии кори дилу шушҳо ва системаи асабу гурдаҳо гардад. Волидайн бояд дар хотир дошта бошанд, ки ҳар қадар ҳарорати кӯдак баланд шавад, дарунравӣ ва қайкунӣ бештар бошад, ҳамон қадар беморӣ вазнинтар мегузарад. Дар ҳолати пайдо шудани ҳолатҳои зерин волидайн бояд ҳатман ба духтур муроҷиат намоянд. Наҷосати обакии чандкарата дар муддати як-ду соат, наҷосати хунолуда, дилбеҳазурӣ ва қайкунии пай дар пай, ҳарорати баланд, рад намудани ғизо, беҳолӣ ва хоболудкунии кӯдак, зиёда аз як ҳафта давом ёфтани дарунравӣ.

Баъзан волидайн дар он ақидаанд,ки истифодаи моеъ дарунравии кӯдакро зиёд менамояд. Бояд қайд намуд, ки ин ақида хато аст. Ба кӯдаки мубталои ин беморӣ то тамом шудани дарунравӣ ҳар чи бештар моеъ нӯшонидан лози мешавад.

Мирзоев Ҳамзалӣ, узви ҲХДТ, директори МТТҲС-и шаҳри Кӯлоб  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg