БОХТАР. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Ҳаёти солим” доир ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ доир шуд.
Волида Ҳакимова корманди масъули ҳизбӣ атрофи масъалаҳои муҳими рӯз аз ҷумла татбиқи сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат дар самти солимгардонии омма, хизматрасониҳои босифати тиббӣ ба сокинон, пешгирӣ аз воридшавии доруҳои қалбакӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ аз паҳншавии ҳар гуна бемориҳои сироятӣ, дастгирии қишри ниёзманди ҷомеа ва ғайра ибрози назар намуд.
Мавсуф зимни суҳбат афзуд, ки ҷомеаи мутаммадинро имрӯзҳо паҳншавии ҳаргуна бемориҳои сироятӣ ба ташвиш овардааст. Аз ҷумла, имрӯзҳои шахсони гирифтори бемориҳои ВНМО, Гепотити С, В ВИЧ/СПИД ва нашъамандӣ бештар ба назар мерасанд. Кормандони соҳа, ки бевосита тарғибгарони тарзи ҳаёти солим миёни омма ба ҳисоб меравад, лозим аст, ки корҳои фаҳмондадиҳиро дар ин самт ҷоннок намуда, мардумро аз оқибатҳои нохуши ин бемориҳои сироятӣ огоҳ намоян. Он гоҳ мо метавонем бо амалҳои созанда ҷомеаи солимро бунёд намоем.