Ш.ШОҲИН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии деҳаи «Кунгара»-и Ҷамоати деҳоти Лангардара вохӯрӣ доир карда шуд, ки дар он самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин Назарзода Толибҷон дар бораи ташаккули тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ аз амалҳои номатлуби ҷомеа, аз ҷумла коррупсия, нашъамандию нашъаҷаллобӣ, ҷинояту кирдорҳои нангин, ки ба ҷомеаи имрӯза хавфу хатарҳо эҷод мекунанд, андешаронӣ намуда, ҳамагонро ба роҳи ватансозию ватандӯстӣ даъват кард.
Дар қисмати интиҳоии вохӯрӣ Аксияи ҳизбӣ «Якҷоя ҳал мекунем!» ба роҳ монда шуда, иштирокдоштагон саҳни ҳавлии муассисаи таълимии №53-ро ба тартиб дароварда, як қатор корҳоро ба анҷом расониданд.