А.ҶОМӢ. Ба истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ. Дар пайравӣ аз сиёсати пешгирифтаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳадафҳои созандаи ҲХДТ оид ба саҳм гузоштан дар ободии Ватан, хатиби масҷиди ҷомеи деҳаи Чорбоғи ҷамоати деҳоти Иттифоқ Тошев Ҳафизулло дар мавъизаҳояш ба мардум доир ба пешгирӣ аз сарфу харҷи зиёдатӣ сухан ронда, мардумро ба корҳои ободониву созандагӣ, ки яке аз амалҳои хайру савоб аст, ҳидоят намуд.
Сокинон ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маврид дарк намуда, ба ҷои маъракаҳои азодорӣ дар доираи Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» роҳи навбунёди деҳаи Правдаро сангфарш намуда, дар деҳаи Чорбоғ аз чуқурии 120 метр хатти оби нӯшокӣ бароварданд.
Иқдоми нек ба инобат гирифта шуда, аз ҷониби иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Саиди Ёқубзод ва раиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизбӣ Муҳаммаддовуд Ҳалимов бо Сипосномаи ҳизбӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ Тошев Ҳафизулло қадрдонӣ карда шуд.