Н.ХУСРАВ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии маҳаллаи “Муротеппа”-и ноҳияи Носири Хусрав таҳти унвони "Бунёди роҳ амали нек барои ҳар як фарди ватандӯст аст” хониши сиёсӣ баргузор гардид.
Бо мақсади татбиқи “Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ” дар маҳаллаи Муротеппа ва ҳаллу фасли мушкилоти дар маҳалла ҷойдошта масъулин андешаронӣ карда, қайд намуданд, ки бо назардошти ҳалли масъалаҳои ҷойдошта, беҳтар намудани инфрасохтори маҳалла, пеш аз ҳама дар таъмиру тармими роҳҳо, бунёди иншоотҳои иҷтимоӣ, баланд бардоштани некӯаҳволии мардум ва дигар корҳои ободониро дастаҷаъмона ба роҳ монанд.
Аз ҷониби вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия Ашӯров Раҳмон дар доираи Қарори раиси вилояти Хатлон “Дар бораи чораҳои тақвият бахшидани ҳифзи иҷтимоӣ ба ниёзмандон” ва Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” ба оилаи камбизоат кӯмаки моддӣ ва молиявӣ расонида шуд.