ХУРОСОН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон дар ташкилоти ибтидоии «Матлубот» атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ доир гардид.
Масъулин дар мулоқот оид ба фурӯши молу молҳои босифат дар бозор, дӯкону мағозаҳо, назорати нарху наво, тозагию либоси ягонаи фурӯшандагон ва ба талаботи стандартӣ ҷавобгӯ, ки асоси фаъолияти ташкилоти мазкур мебошад, андешаронӣ карданд.
Сипас, байни иштирокчиён ва кормандони масъули ҳизбӣ оид ба самтҳои гуногуни равандҳои дохилию берунии сиёсӣ суҳбату гуфтугузорҳои судманд сурат гирифт.
Баъд аз анҷоми ҳамоиш бо мақсади амалии Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» 1 нафар бемори бистарӣ аёдат карда шуда, ба ў кӯмаки яквақтаина расонида шуд.