БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ- ТАР¬ҒИБГАРИ СИЁСАТИ ХИРАДМАНДОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ АСТ!

ҲАМАДОНӢ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ.  Дар ташкилоти ибтидоии «Навобод»-и ноҳияи Ҳамадонӣ хониши сиёсӣ ва иҷрои қисмати амалии Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!»  баргузор гардид.

Зимни баромад Гадоӣ Сайдалиев корманди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ оид ба сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат  Раиси муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳарф зада, қайд кард, ки корҳои созандагию ободонӣ ба муносибати сазовор пешвоз гирифтани  ҷашни 30- солагии Истиќлолияти давлатӣ бо маром идома дорад.

 Мо  ҳар  амали некеро, ки бо шукргузорӣ аз истиќлолияту озодӣ ва соҳибватанию соҳибдавлатии хеш  анҷом медиҳем, барои наслҳои оянда ва  Ватани азизу маҳбубамон -Тоҷикистони азиз  аст.

Дар иҷрои амалии Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» масолеҳи сохтмонӣ барои таъмири муассисаи таълимии деҳа  дастрас карда шуд, ки аз ҷониби сокинон  ин иқдоми нек  бо хушнудӣ пазируфта шуд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg