
ФАРХОР. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Вохӯрии кормандони масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор дар ташкилоти ибтидоии «Телеком» доир ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ баргузор гардид.
Масъулин дар назди ҷамъомадагон оиди аз байн бурдани таассуби динӣ ва хурофотпарастӣ, мубориза бар зидди коррупсия, истифодаи дуруст аз технологияи муосир ва шабакаҳои иҷтимоӣ бо мақсади пешгирӣ аз хатарҳои ҷаҳони имрӯза суҳбат намуда, ҳамагонро ҷиҳати аз даст надодани ҳушёриву зиракии сиёсӣ, саҳм гузоштан дар корҳои созандагӣ раҳнамоӣ карданд.
Инчунин, атрофи дигар паҳлуҳои самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ андешаронӣ карда шуда, байни кормандони ҳизбӣ ва ҷамъомадагон суолу посухҳои судманд сурат гирифт.