БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲАДАФ БАЛАНД БАРДОШТАНИ МАСЪУЛИЯТИ ҶАВОНОН ДАР САМТИ ТАТБИҚИ СИЁСАТИ ҶАВОНПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

ТЕМУРМАЛИК. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Мулоқоти навбатии кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик дар ташкилоти ибтидоии  “Маркази ҷавонон”    баргузор гардид.

Масъулин зимни ироаи сухан  дар бораи  самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ,аз ҷумла доир ба  баланд бардоштани сатҳи донишу малакаи ҷавонон, ҷалби онҳо ба  варзиш ҳамчун қосиди сулҳ ва гарави саломатӣ, ихтирооту навоварӣ,  истифода аз технологияи муосир ва дигар масъалаҳои ҳаётан муҳим ибрози сухан намуда,  афзуданд,  ки дар шароити  имрӯза тамоми  имкониятҳои хуб  бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар самти  илмомӯзиву  аз бар кардани касбу ҳунарҳо фароҳам оварда шудааст, ки онҳо  метавонанд аз ин имкониятҳо самаранок истифода бурда, дар пешрафту шукуфоии Ватан саҳми назаррас гузоранд.

Вобаста ба қисмати амалии Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” ҷавонон дар корҳои созандагӣ  саҳм гузошта,   майдончаи назди нимпайкараҳои қаҳрамонони ноҳияро сафолакбандӣ намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg