ПАНҶ.Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Бо мақсади тарғибу ташвиқи самтҳои афзалиятноки фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки бевосита аз Паёми навбатии Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ бармеоянд бо иштироки масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии хоҷагии зотпарварии ноҳияи Панҷ вохўрӣ доир гардид.
Масъулон дар баромадашон оид ба сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёмашон омадаанд, андешаронӣ намуданд.
Дар охири чорабинӣ ва дар доираи қисмати амалии Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» масъулини ташкилоти ибтидоии хоҷагии зотпарварии Панҷ ба муассисаи таълимии №12-и ҷамоати деҳоти Озодагон барои таъмири мактаб масолеҳи рангу бор ва сохтмонӣ харидорӣ намуда, дастрас карданд.