БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ХОНАИ ҲАМВАТАНРО ОБОД МЕСОЗЕМ!

МӮЪМИНОБОД. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар асоси нақша- чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ  дар ноҳияи Мӯъминобод  дирӯз дар ташкилоти ибтидоии кӯчаи ба номи «Чорсу»-и ҷамоати шаҳраки Мӯъминобод вохӯрӣ доир гардид.

Дар ҳамоиш муовини раиси Кумитаи иҷроияи ноҳивии ҳизб  Гулсунбӣ Раҷабова ва вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия Мирзошарифзода Сабоҳат иштирок ва дар бораи дастуру супоришҳои  мақомоти болоии ҲХДТ, фикру мулоҳизаронӣ карда ҳамагонро ба созандагиву ободонӣ, кӯмак ба шахсони ниёзманди ҷомеа раҳнамоӣ карданд.

Инчунин, бо дастгирии фаъолони ташкилоти мазкур дар доираи Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!»  гирду атрофи ҳавлии як нафар сокини маҳалла, ки аз оилаҳои ниёзманди ҷомеа  мебошад,  таъмир карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg