БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲАДАФИ МО БАЛАНД БАРДОШТАНИ МАСЪУЛИЯТИ ШАҲРВАНДОН!

ЛЕВАКАНТ.  Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Тибқи ҷадвали баргузории хонишҳои сиёсӣ дар ташкилоти ибтидоии  «Нозироти андозд»-и шаҳри Левакант оид ба шарҳу тавзеҳи нуктаҳои асосии Паёми навбатӣ ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ баргузор гардид.

Масъулин  иброз намуданд, ки Паёми имсола воқеан ҳамчун равшаннамоест, ки ҳар як сокини кишварро ба меҳнати содиқона ва ба  нерӯи бузургу арзандаву ободкорона  раҳнамун  месозад.

Инчунин,  ҳадафу мақсад ва аҳамияти тақвияти робита бо маҳал, пешгирӣ аз хатарҳои ҷаҳони  муосир, тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи инсондӯстиву меҳанпарварӣ бо истифода аз захираҳои бойи маънавию фарҳангӣ ва таҷрибаҳои таърихии миллати тамаддунофари тоҷик, эҳёи анъанаҳои неку ҳунарҳои мардумӣ, роҳҳои сафарбар кардани сокинон ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ, истифодаи босамар, сарфаву сариштакории нерӯи барқ дар байни аҳолӣ бо истифода аз мисолҳои ҳаётӣ тавсияҳои асосноку муфид дода шуда,  ба иштирокчиён рӯҳияи баланди маънавӣ бахшид.

Дар охир ҳамаи иштирокчиёнро барои дастгирии Аксияи ҳизбӣ ва иҷрои корҳои созандагию ободонӣ даъват карда шуданд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg