
КӮШОНИЁН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Вохӯрии навбатии кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён дар ташкилоти ибтидоии “Корхони давлатии фаръии обтаъминкунӣ ва канализатсия” – и ноҳия баргузор гардид.
Масъулини ҳизбӣ зимни суҳбат атрофи нуфузи ҲХДТ дар ҷомеа, дасти ниёзмандонро гирифтан дар доираи Қарори раиси вилояти Хатлон “Дар бораи андешидани чораҳои тақвият бахшидани ҳифзи иҷтимоӣ ба ниёзмандон”, Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” ва Аксияи таъмири муассиса таҳти унвони “Одам нашавад магар касе аз мактаб” ва дигар масъалаҳои муҳими рӯз андешаронӣ карда, барои дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои созанда ҳамагонро даъват карда шуданд.
Сипас, ҷиҳати дастгирии шахсони ниёзманд ва маъюб дар партави Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” ба ду нафар ниёзманди ҷомеа Отаҷонова Азиза ва Маҳмадуллоев Ғаффор кӯмаки молиявӣ расонида шуд.