БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МОРО ЗАРУР АСТ ДАР ҶОМЕА ОМИЛҲОИ МУСОИДАТКУНАНДА БА КОРРУПСИЯРО БАРТАРАФ КУНЕМ!

КӮЛОБ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Осорхона» доир ба самтҳои афзалиятноки ҳизбӣ хониши сиёсӣ баргузор гардид.

Дар мулоқот муовини раиси Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Фирӯзи Саидмӯъмин ва раиси ташкилоти ибтидоии мазкур Ҳотам Раҷабӣ Асозода иштирок ва баромад намуданд.  Зимнан, қайд гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирокчии муҳимтарин конвенсияҳо   ва   ниҳодҳои   байналмилалӣ дар  соҳаи  мубориза  бо коррупси буда, дар Осиёи Марказӣ ягона кишваре мебошад, ки аз лаҳзаи таъсиси  Шабакаи    зиддикоррупсионии    Созмони    Ҳамкориҳои    иқтисодӣ ва Рушд (соли 2003) узви он мебошад.
Аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ маҳз мавҷудияти Стратегияи зикршуда ва дар доираи он амалӣ намудани чорабиниҳо доир ба мубориза бо коррупсия гувоҳи ташаккули сиёсати давлатии зиддикоррупсионӣ ва кафолати ноил гардидан ба дастовардҳо дар ин ҷода шинохта шудааст.

Дар фарҷоми вохӯрӣ ба аъзои нави ҲХДТ шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуда, аъзои фаъоли ҳизб бо Сипосномаҳои ҲХДТ  қардшиносӣ гардиданд.

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg