БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ДАСТГИРИИ МУҲТОҶОНУ ЯТИМОН АЗ ҶУМЛАИ ХАЙРИ ҶОРИЯ АСТ!

Ш.ШОҲИН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Кормандони масъули ҳизбӣ дар деҳаи Ҳасораки  Ҷамоати деҳоти Даштиҷум  вохурӣ  доир намуданд.

Дар хониши сиёсӣ Асақолов  Алиҷон муовини раиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ доир ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти он, паёмадҳои хатарбори зуҳуроти номатлуби ҷомеаи муосир, ба роҳ мондани корҳои ободкорию созандагӣ дар доираи Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» бахшида ба истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ибрози назар намуда, сокинонро ба корҳои хайру сахо, аз ҷумла дастгирии ниёзмандону муҳтоҷон, сохтани роҳу купрӯкҳо, шароит фароҳам овардан ба фарзандон дар муассисаҳои таълимӣ ва расидан ба шароити арзандаи даъват карданд.

Инчунин, Қарори раиси вилояти Хатлон “Дар бораи чораҳои тақвият бахшидани ҳифзи иҷтимоӣ ба ниёзмандон” ва Аксияи таъмири муассиса таҳти унвони “Одам нашавад магар касе аз мактаб”  ба дарки ҳамагон расонида шуда, ҳадафҳои созанда аз ҷониби  сокинон ҳамовозии хешро пайдо намуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg