БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

НА БА ТТЭ ҲНИ НА БА “ОЗОАНДЕШОН”-и ДУРУҒИН ВА НА БА ДИГАР ГУРӮҲҲОИ МАНФИАТХОҲ НИЁЗЕ НАДОРЕМ!

ВОКУНИШ. Ҷумҳурии Тоҷикистон айни замон зери сиёсати хирадмандона ва дурандешонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти шиори “Барои Ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум” рӯ ба инкишоф дорад.

Ҳамаи ҳадафҳои стратегии кишвар зина ба зина амалӣ гашта истодааст. Натиҷаи мусбати амалишавии ин барномаҳост, ки зиндагии мардуми Тоҷикистон беҳтар гардида, айни замон халқ барои истиқболи сазовор аз 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагиҳои ҷиддӣ дида истодааст.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тариқи райъпурсии умумихалқӣ қабул шуда, дар арсаи байналмилалӣ демократитарин Қонун дониста шудааст. Ба фазои орому осуда ва бо боварии неку дилпурӣ ба оянда нигаристан ва кору зиндагӣ кардани мардуми Тоҷикистон маҳз Конститутсия ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат мусоидат карда истодааст.

Чунин фаъолияти пурсамари мардуми тоҷик аст, ки баъди назарсанҷиҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати тинҷу осуда дар даҳгонаи беҳтарин давлатҳои бехатар қарор гирифт. Ин гувоҳи он аст, ки сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллатро ҷаҳониён эътироф мекунанд.

Миллати тоҷик кашмакашиҳои ҳизбу ҳаракатҳои тундагаро ва ҷоҳхоҳро, ки ҳадафҳои пардапӯши худро зери ниқоби Ислому демократия (мардумсолорӣ) пинҳон кардаву аз номи халқ сухан мегуфтанду миллатро бозичаи дасти худ намуда, ба ҷанги бародаркуш кашида буданд, он рӯзҳоро аз хотир фаромӯш накардааст.

Мо як миллатем ва як Ватан дорем, ки номаш Тоҷикистон аст. Ба он нафароне, ки анҷумане бо ном озодандешони тоҷикро таъсис додаанд гуфтанием, ки мардуми Тоҷикистон дар тӯли истиқлолияти худ зиёд чунин ҳизбу ҳаркатҳо ва анҷуманҳое, ки аз номи халқ истифода мебурданд, диданд ва ҳеҷ яке аз онҳо ба миллати худ содиқ набуданд ҳамеша миллатро бо ду танга фурӯхтанду ба миллат хиёнат карданд. Миллати тоҷик дигар ба садоқати чунин хиёнаткорон бовар надорад. Агар худро озодандешу равшанфикр мешуморед пас ба Ватан биёед, бо мо ҳамсаф шаведу якҷо барои ободию рушди иқтисодӣ ва сохтани ТОҶИКИСТОНИ БУЗУРГ кӯшиш кунем.

Ин гурӯҳҳои манфиатхоҳ, ки барои қонеъгардонии хоҷагони хориҷии худ талошҳо доранд, бидонанд, ки мардуми Тоҷикистон ба ТТЭ ҲНИ ва “озодандешон”-и дурӯғин ва ё ҳеҷ гурӯҳи дигаре ниёз надорад. Мо имрӯз дар гирди Пешвои худ муттаҳидем ва бо хиради азалии Пешвои миллат сари баланди худро ба мисли Парчами миллӣ боз ҳам баландтару баландатар мебардорем.

 

ШАФИЗОДА ФАРҲОД, узви Гурӯҳи вакилии ҲХДТ дар Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg