БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲИФЗИ ДАСТОВАРДАҲОИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ КИШВАР ВАЗИФАИ ШАҲРВАНДИИ ҲАР ЯКИ МОСТ

БОХТАР. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Амонатбонки шаҳр”  вохӯрии ҳизбӣ доир шуд.

Дар маҷлис намояндагони Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар шаҳри Бохтар иштирок дошта, зимни суханронӣ иброз дошт, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо кормандони соҳаҳои гумрук, молия ва бонкдорӣ таъкид намуда буданд, ки кормандони соҳаи бонкдорӣ бояд бо мардум муомилаи хуб дошта бошанд. Аз ин лиҳоз кормандони соҳаро  зарур аст, дар татбиқи дастуру супоришҳои Роҳбари  давлат дар фаъолияти бонкӣ  масъулияти баланд  дошта бошанд.

Дар охир моҳияти Аксияи таъмири муассисаҳо таҳти унвони “Одам нашавад магар касе аз мактаб” ва Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” ба дарки ҳамагон расонида шуда, онҳо ҷиҳати дар амал татбиқ кардани  Аксияҳои мазкур  ҳидоят гардиданд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg