БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МО ШАҲРВАНДОН ДАР ШУКУФОИИ ВАТАН МАСЪУЛЕМ!

ФАРХОР. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Бо мақсади истиқболи сазовори  ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар ташкилоти ибтидоии шуъбаи «Амонатбонк» бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор Алиҷон Назаров вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ хониши сиёсӣ баргузор гардид.

Мавсуф зимни суханронӣ атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, аз ҷумла муқовимат бо коррупсия, тарбияи хонандагон дар руҳияи ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ суханронӣ намуда, иброздошт, ки  ҳадафу мақсади ҲХДТ танҳо ба ободии Ватан ва таъмини зиндагии сокинон бо шароити  мусоид равона карда шуда, мо фаъолонро зарур аст, дар татбиқи корҳои созандагиву бунёдкорӣ  саҳми назаррас  дошта бошем.

Ҳамзамон, дар доираи Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» бо ташаббуси ташкилоти ибтидоии мазкур дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10-и Ҷамоати шаҳраки Фархор як синфхона таъмир ва бо асбобҳои айёнӣ таъмин карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg