БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

СОКИНОН БО АМАЛҲОИ БУНЁДКОРОНААШОН ВАТАНДӮСТ БУДАНИ ХУДРО СОБИТ МЕНАМОЯНД!

НОРАК. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Бо ташаббус ва роҳнамоии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ  дар шаҳри Норак  дар ташкилоти ибтидоии “Рӯдакӣ-1”-и минтақаи манзилии №1- шаҳри Норак   Аксияи тарғиботӣ - амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” доир карда шуд.

Дар қисмати амалии Аксия аз ҷониби  вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳр Аслия Сафарова ва ҷонибдорони ҳизб аз ташкилоти ибтидоии мазкур барои таъмир ва рангубор намудани дохили муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3 як миқдор масолеҳои сохтмонӣ  кӯмак расонида шуд.  

Дар қисмати сиёсӣ бошад,  намояндагони ҳизбӣ бо сокинон атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ  суҳбат ороста, барои амалигардонии ҳадафҳои созандаи ҳизб миннатдории хешро изҳор доштанд.

Дар охир иштирокдорон бо сарфарозӣ аз иқодоми ватандӯстонаи ҲХДТ ва сиёсати имрӯзаи давлату ҳукумат  сипосгузор буда, миннатдории хешро ба Раиси муаззами он  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg