БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲАДАФ ҶАЛБИ ФАЪОЛОН БА ТАЪМИРУ АЗНАВСОЗИИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ

ЁВОН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Чанде қабл  дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии Ҷамоати деҳоти Норин бо иштироки раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳудуди ҷамоат атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва натиҷагирӣ аз фаъолияти шашмоҳаи аввали соли равон  вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар хамоиш аз ҷониби  намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон  доир ба роҳандозӣ намудани қисати амалии Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» , Аксияи таъмири  муассисаҳо таҳти унвони “Одам нашавад магар касе аз мактаб”, расонидани кӯмак барои сохтмонҳои муассисаҳои таълимӣ, даъвати падару модарон ба мактаб, роҳандозии корҳои ободонию созандагӣ бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон  андешаронӣ карда шуд.

Ҷамъомад ба иштирокдорон писанд омада, ҳадафҳои созандаи ҲХДТ-ро бо ҷонибдории ватандӯстона  пазируфта, барои саҳм гузоштан дар  корҳои бунёдкорона  андешаҳои хешро баён доштанд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg