БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БО ШУҒЛ ФАРО ГИРИФТАНИ ЗАНОНУ ДУХТАРОН ДАР МАДДИ НАЗАР АСТ!

ЛЕВАКАНТ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант Фароғат Назарова бо кормандони коргоҳи дӯзандагии «Мадина» вохӯрда, бо онҳо доир ба ҷалби духтарон ба ҳунармандию  ҳунаромӯзӣ, дастгирии онҳо, дӯхти сару либоси ягонаи мактабӣ дар коргоҳҳои дӯзандагии шаҳр сухан гуфт.

Қайд гардид, ки бо шуғл фаро гирифтани занону ҷавондухтарон, таъмин намудани онҳо бо ҷойи кори доимӣ ва баланд бардоштани нақши онҳо дар ҳаёти сиёсию иҷтимоии мамлакат яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ буда, барои ноил шудан ба ин мақсад тадбирҳои зиёд андешида мешавад.

Маҳз дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, ки чанд нафар аз бонувони шаҳр бо гирифтани грантҳои президенӣ ва раиси вилоят якчанд коргоҳҳо бунёд намуданд, ки коргоҳи «Мадина» яке аз онҳост. Раъно Қурбонова, роҳбари корхона  узви фаъоли ҲХДТ  дар якҷоягӣ бо шогирдонаш имрӯзҳо ба дӯхти сару либоси ягонаи мактабӣ барои мактаббачагон  машғул буда, бо ҷонибдорӣ аз Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» ният дорад ба чанд нафар кӯдакон аз оилаҳои ниёзманд сару либоси мактабӣ туҳфа намояд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg