![](http://hhdtkhatlon.tj/sites/default/files/styles/medium/public/field/image/20190724_084903.jpg?itok=kujmjkNe)
ҲАМАДОНӢ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии «Меҳнатобод»-и Ҷамоати деҳоти Меҳнатобод хониши сиёсӣ ва иҷрои қисмати амалии Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ баргузор гардид.
Зимни баромад Давлатҷон Ғаффорзода қайд кард, ки солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардида, мақсад асосии эълон гардидани солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» боз ҳам обод кардани Тоҷикистон ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоии аҳолӣ бо роҳи беҳтар кардани инфрасохтори деҳот мебошад.
Дар иҷрои амалии Аксияи ҳизбӣ барои таъмиру тармими як синфхонаи муассисаи таълимии деҳа масолеҳи сохтмонӣ дастрас гардида, бо қувваи кории сокинон таъмир карда шуд.