БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИЛМУ ДОНИШ БЕҲТАРИН ТУҲФА БАРОИ ФАРЗАНДОНАМОН МЕБОШАД!

ПАНҶ. Дар доираи “Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ”Бо аъзо ва ҷонибдорони ташкилоти ибтидоии  ҳизбии ба номи “Меҳрубон Ҳасан”-и ҷамоати шаҳраки Панҷ бо иштироки масъулони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ вохўрӣ доир карда шуд.

Мулоқот таҳти унвони «Илму дониш беҳтарин туҳфа барои фарзандонамон мебошад!» интихоб гардида, масъулон зимни суханронӣ қайд намуданд, ки имрўз пешрафти ҷомеа, тараққиёти илму техника ва технология тақозо мекунад, ки сатҳи донишу малакаи фарзандонамонро баланд бардорем. Аз ин лиҳоз лозим аст, ки шароити таълиму тарбияи насли наврасро беҳтар намуда, синфхонаҳоро бо таҷҳизоти замонавӣ муҷҷаҳаз кунем. Дар ин раванд, татбиқи амалии Аксияи тарғиботӣ – ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» айни муддао буда, падару модар ва сокинони маҳал метавонанд дар ин амали хайрхоҳона саҳмгузор бошанд.

Баъдан раиси ташкилоти ибтидои – Шохов Саидаброр ба сухан баромада, иброз дошт, ки бо қувваи сокинони маҳал  ба мактаби №21-и ноҳия масолеҳи рангу бори синфхонаҳо ба маблағи 500сомони харидорӣ карда шуда дастрас гардид.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg