
КӮШОНИЁН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Ҷиҳати амалӣ намудани Аксияи таблиғотии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!" ва тарғиби самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии “КАТС” вохӯрӣ гузаронида шуд.
Дар маҷлис кормандони Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб дар бораи яке аз масъалаҳои ташвишовари замони муосир ҷилавгирӣ аз хатарҳои афзояндаи терроризму ифротгароӣ, эълон гардидани солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, омодагиҳои ҳамаҷониба ба истиқболи ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатӣ, баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ, муошират, худдорӣ аз доруҳои қалбакӣ, бесифат ва муҳлаташон гузашта баромад намуданд.
Баъд аз суханронии озоду самимӣ Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” баргузор гардида, ба ду нафар ниёзмандон Қурбонова Гулрафтор ва Ибодуллоева Қурбонбӣ маводҳои хӯрока кӯмак карда шуд.