БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲАМЕША УСТУВОРИИ ПОЯҲОИ ИСТИҚЛОЛИЯТАМОНРО НИГОҲ МЕДОРЕМ!

КӮЛОБ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии ибтидоии ҳизбии “Ташхиси хун” оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ мулоқот доир карда шуд.

Зимни мулоқот муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Фирӯзи Саидмӯъмин дар баромади худ қайд намуд, ки амалҳои зишту нангин аз ҷониби ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ба монанди ташконидан, одамкушӣ ва ё дигар кирдорҳои ба ҳаминҳо монандаро дар баъзе аз давлатҳои исломӣ ба анҷом медиҳанд, тамоми ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст. Ба чунин амалҳо назар карда, фикр мекунам бояд ҳар лаҳза мо ба қадри сулҳу осоиштагӣ бояд расем ва ҳамеша устувории пояҳои истиқлолиятамонро ҳифзу ҳимоя кунем.

Дар охир таъкид шуд, ки хоинони давлату миллати фаромӯш накунанд, ки мо миллати тавоноем аз равиши таърихи худ таҷрибаи зиёде дорем, ки ягон ақидаву фишорҳо ва чунин амалҳо ваҳшиёна иродаву матини миллати моро шикаста наметавонад. Мо ҳар сония, ҳар даққиқа, ҳар лаҳза ва ҳамеша омодаем, ки ин марзу буми худро аз таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир ҳифзу ҳимоя менамоем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg