БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ДАСТИ САХО ДАРОЗ НАМУДАН БА ЭҲТИЁҶМАНДОН АМАЛИ НЕКИ ИНСОНИСТ!

ВАХШ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дирӯз доир ба ташвиқу тарғиби самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ дар Ташкилоти ибтидоии “Омор” хониши сиёсӣ баргузор гардид.

Масъулини ҳизбӣ дар назди ҷамъомадагон оид ба  нуктаҳои муҳими Паёми  навбатӣ, ҳадафҳои созандаи ҲХДТ, Қарори раиси вилояти Хатлон “Дар бораи чораҳои тақвият бахшидани ҳифзи иҷтимоӣ ба ниёзмандон”  андешаронӣ намуда, афзуданд, ки  ҷиҳати дасти сахо дароз кардан ба эҳтиёҷмандону ниёзмандон яке аз фазилатҳои неки инсонӣ ба ҳисоб рафта, ҳар як шахси ватандӯсту хайрхоҳ мувофиқи  имкониятҳои мавҷуда дар амалигардонии дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин самт саҳмгузорӣ намояд.

Ҳамзамон,  амри раиси вилоят ва Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!»-ро ташкило ти ибтидоии мазкур дастгирӣ карда, ба 1 нафар маъюби гурӯҳи 2-юм  Каримов Саттор кӯмаки яквақтаинаи маводи хӯрока расонида шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg