БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲИЗБИЁН НИЁЗМАНДОНИ ҶОМЕАРО ПАЙВАСТА ДАСТГИРӢ МЕКУНАНД

ҶАЙҲУН. Дар доираи “Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ”. Бо ташабуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун дар ташкилоти ибтидоии “Зарзамин” хониши сиёсӣ баргузор гардид.

         Дар ин чорабинӣ  кормандони масъули ҳизб иштирок карда, иброз доштанд, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин таъкид шудааст, ки, “Мо бояд азхудкунии заминҳои навро вусъат бахшида, майдони заминҳои аз гардиши кишоварзӣ беруншударо барқарор кунем, то ин ки бо дарназардошти афзоиши аҳолӣ талаботи мардумро бо маъводи ғизоӣ таъмин намоем.

         Илова бар ин зарур аст, ки аз ҳисоби заминҳои бекорхобидаву доманакeҳҳо майдони боғу токзор, аз аз ҷумла боғҳои интенсивӣ мунтазам зиёд карда шавад”.

         Дар охир бо дастгирии ташкилоти ибтидоии «Зарзамин»  ба як оилаи эхтиёҷманд ба маблаги 260 сомони кумаки яквактаинаи моддӣ расонида шуд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg