БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИҶРОИ САРИВАҚТИИ САМТҲОИ АСОСИИ ПАЁМИ СОЛОНА ҚАРЗИ ШАҲРВАНДИИ ҲАР ЯКИ МО МЕБОШАД!

НОРАК. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Бо ташаббус ва роҳнамоии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ  дар шаҳри Норак дар ташкилоти ибтидоии “Далдахурон”-и Ҷамоати деҳоти Пули Сангини шаҳри Норак вохӯрӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва қисмати амалии Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” баргузор гардид.

Дар мулоқот намояндагони Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб зимни суҳбат атрофи нуктаҳои Паёми навбатӣ, эълон гардидани солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, сиёсати пешгирифтаи Роҳбари давлат дар самти созандагиву бунёдкорӣ, пешгириӣ аз шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, муқовимати шадид зидди ҷиноятҳои коррупсионӣ, бегонапарстиву майл ба фарҳанги бегона ва дигар самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ андешаронӣ карда, иброз дошт, ки иҷрои саривақтии самтҳои асосии Паёми солона қарзи шаҳрвандии ҳар яки мо мебошад ва моро зарур  аст ҷавобан ба ғамхориҳои Пешвои миллат бештар ба корҳои ободонӣ рӯ оварда,  Ватанамонро аз ин ҳам дида ободтар созем.

Дар  қисмати амалии Аксияи ҳизбӣ бошад, сокинони бонангу номуси деҳаи Далдахурон ба маблағи 1800 сомонӣ бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6-и деҳаро рангубор намуданд. 

Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» дар миёни соҳибкорону вакилон ва фаъолони шаҳри Норак қобили қабул дониста шуда, дастгирии ҳамаҷониба ёфта истодааст.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg