
КӮЛОБ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Бо аъзо ва чонибдорони ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии «Хоҷагии коммуналӣ» вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ хониши сиёсӣ гузаронида шуд.
Зимни мулоқот Фирӯзи Саидмӯъмин муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб зикр намуд, ки таассуби динӣ навъе аз ҳолати рӯҳию равонии шахсест, ки бар эҳсосот асос дорад, на ба ақл, аз ин рӯ, таассуби динӣ заминаи асосии равонии экстремизм ва терроризм гаштааст. Чи тавре ки маълум аст, дин аз ҳама нуқтаи ҳассоси ҳаёти маънавии ҷомеаро ташкил медиҳад ва бо дарки ин, нахустҳуҷуми гурӯҳҳои ифротӣ низ аз ин роҳ ба сӯи маънавиёти ҷомеа бо мақсади шикасти рӯҳияи давлатдории миллӣ равона карда шудааст.
Инчунин, гуфта шуд, ки дар ҳамаи давру замон омили боздорандаи рушду пешрафти ҷомеа ин хуруфот ва таассуби динӣ мебошад.
Дар фарҷом таъкид шуд, ки дар шароити имрӯза, ба хотири ҳифзи арзишҳои миллӣ аз таблиғи хурофоту таассуби динӣ ва мазҳабӣ, ки дар қолаби таълифоти бузургони исломӣ низ манзур мегардад, худдорӣ намуд.