БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАЁМИ НАВБАТӢ ДАСТУРАМАЛЕСТ ҲАЁТАН МУҲИМ БАРОИ СОКИНОН

ҚУБОДИЁН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Бо мақсади амалигардонии дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми навбатиашон дарҷгардида дар деҳаи Ҳаваскори ҷамоати деҳоти Тахти Сангини ноҳияи Қубодиён вохӯрӣ доир гардид.

Масъулини ҳизбӣ  зимнан атрофи  нуктаҳои асосии Паёми  имсола, ки дар он тамоми соҳаҳои ҳаётан муҳим  мавриди таҳлили амиқ қарор дода шудаанд, ёдовар шуда, зикр  намуданд, ки мебояд ҳар сокин ҷиҳати дар амал татбиқ намудани он кореро новобаста аз вазъи иҷтимоии худ анҷом диҳад. Дар ҳамин ҳолат мо метавонем дар ҷомеа пешрафтро амалї намуда, зиндагии шоистаи худро таъмин созем.

Дар охир сухан   ҳадафҳои олии ҲХДТ ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти он суҳбату муколама сурат гирифт.

Дар қисмати  амалишавии Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” ба тариқи ҳашар синфхонаҳои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №27  таъмири капиталӣ оғоз ёфта, дар ин самт корҳои бунёдкорӣ  ҷараён доранд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg