БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БАРОИ ФАРЗАНДОНАМОН ШАРОИТИ ХУБИ ТАҲСИЛРО ФАРОҲАМ МЕОВАРЕМ!

ВАХШ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш дар якҷоягӣ бо ташкилоти ибтидоии «САҲШ»-и ноҳия бахшида ба “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ҳамзамон, ҷиҳати дар амал татбиқ намудани Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» дар таъмири МТМУ №1 саҳми арзандаи худро гузошта,  якчанд синфхонаҳои таълимиро рангу бор намуданд.

Зимни боздид аз синфхонаҳои таъмиркардашуда муовини раиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб  Исмоил Ҷалилов бо таъмиргарон суҳбат ороста,  таъкид  намуд, ки таъмирро бо сифати баланд анҷом диҳанд.

Инчунин, дар ин раванд самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ мавриди баррасӣ қарор дода шуда,барои дастгирии ҳадафҳои созандаи ҲХДТ изҳори миннатдорӣ баён намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg