БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ДӮСТИРО ҶУСТУҶӮ ДОРЕМ МО...

ВОКУНИШ. Сокинони ноҳияи Ховалинг ҳодисаи рӯзи 22 июни соли 2019 дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон ба амаломадаро,  ки боиси ҳалоку захмин шудани одамон гардид, сахт маҳкум намуданд.

Зикр намудан ба маврид аст,  ки халқи тоҷику қирғиз аз қадим рафту омади неки ҳамсоягӣ ва хешутаборӣ доранд. Ҳамзистии осоишта ба дигар халқу миллатҳо ин хислати ҳамида ва азалии миллати тоҷик аст, ки  дар гуфтор, рафтор ва эҷоди адибонаш инъикоси худро ёфтааст.

Мардуми мо аз он ки як умр дӯстиро ҷустуҷӯ намуда, ҳамсоягии нек, ҳамдигарфаҳмӣ, ҳамзистии осоиштаро ташвиқу тарғиб намудаанд, ифтихор доранд. Маҳз ҳамин хислат, рафтор ва гуфтор миллати моро ҳамчун миллати сулҳҷӯй шӯҳрати ҷаҳон гардонидааст.

Магар мояи  ифтихор нест, ки дар равоқи созмони бонуфузтарин ҷаҳон – СММ шеъри шоири тоҷику форс- Саъдии Шерозӣ

 Бани одам аъзои якдигаранд,

 Ки дар офариниш зи як гаҳваранд,

Чу узве ба дард оварад  рӯзгор,

Дигар узвҳоро намонад қарор.

Ту ки аз меҳнати дигарон беғамӣ,

Нашояд  ки номат ниҳанд одамӣ.-  чун шиор барои оламиён бо ҳарфҳои заррин навишта шудааст.

Ба дилхоҳ эҷодиёти адибони гузашта ва имрӯза  назар андозем,  ба тараннуми сулҳу дӯстӣ, зиндагии осоишта, ҳамсоягии нек дучор меоем.

                       Дӯстиро ҷустуҷӯ дорем мо,

                       Аз амонӣ гуфтугӯ дорем мо. 

Мутаассифона , чунин  ҳолатҳое ба мисли нооромӣ дар сарҳад ба амал меояд, ки ба дӯстии байни миллатҳо халал ворид месозад. 

“Хона махар ҳамсоя бихар” гуфтани мардум ҳам дар худ маънии чуқур дорад.

Нооромии сарҳади байни Тоҷикистону Қирғизистон (ин бори якум нест, ки дар сарҳади ду давлат чунин амал рух медиҳад) кори дасти сарҳадбонони тоҷик ва мардуми Ворухи шаҳри Исфара намебошад.

Дар давраи омодагиҳо ба сафар кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Исфара ва мулоқоти ӯ ба Презилденти Ҷумҳурии Қирғизистон ба амал омадани чунин нооромӣ кори дасти гурӯҳест, ки дӯстию рафоқати ин ду халқи бо ҳам бародарро намехоҳанд.

Кас ҳайрон мешавад, ки чӣ тавр мардуми як деҳа бе иҷозати ҳукумат ва дигар органҳои давлатӣ худсарона замини ҳудуди дигар давлатро аз они худ мекунанд. Аз ин  мебарояд, ки дар ҷумҳурии ҳамсояи Қирғизистон қонун ба таври бояду шояд амал намекунад.

Бо бародарони қирғиз гуфтанием, ки нооромии байни ду давлат ба фоидаи ҳар ду миллат нест ва он метавонад ба сулҳу оромии минтақа таъсири манфӣ расонад. Сокинони сарҳади давлати Қирғизистонро зарур аст, ки  ба фитна ва кинаю адовате , ки доираҳои манфиатҷӯ дар чунин лаҳзаҳои барояшон хеле мусоид  барангехта, теша ба решаҳои дӯстии ҳазорсолаи ин ду миллат мезананд, дода нашаванд.

Сокинони деҳаҳои сарҳадии Воруху Оқсой дар ҳама кор бояд таҳамулпазир бошанд. Дар дунё коре ва ё масъалае нест, ки роҳи ҳалли худро надошта бошад. Бо боварӣ гуфта метавонам, ки масъалаи ҳудуди сарҳади давлатҳои Тоҷикистону Қирғизистон бе сангпартоӣ, тирпаронӣ ва худсарона  азхуд намудани замини якдигар аз тарафи сарони давлатҳо ва ҳукуматҳо роҳи ҳалли худро меёбад.

Мо набояд гиреҳеро, ки бо даст кушода мешавад, бо дандон кушоем.

 

Халилзода Сафар Хоҷа,

раиси Кумитаи иҷроияи

ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг   

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg