
БОХТАР. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Ороиши шаҳр” вохӯрӣ баргузор гардид.
Намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Волида Ҳакимова дар маҷлис иштирок намуда, оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ маърӯза карда, таъкид намуд, ки яке аз ҳадафҳои асосии ҲХДТ ин баланд бардоштани масъулияти шаҳривандии сокинон дар руҳияи зебоипарастӣ тарбия намудани насли наврас мебошад. Аз ин рӯ мо насли калонсолро лозим аст, барои дар анҷоми ин кор худ намуна бошем.
Дар идома масъалаҳои доғи рӯз, аз ҷумла, ҷалби омма ба корҳои ободонӣ бахшида ба истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ, пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ, мубориза бо коррупсия, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва варзиш, арҷ гузоштан ба фарҳангӣ миллӣ ва ғайра андешаронӣ карда шуд.
Ҳамзамон, дар охир Аксияи таъмири муассиса таҳти унвони “Одам нашавад касе магар аз мактаб” баррасӣ гардида, аз фаъолон, шахсони хайрхоҳу саховатманд даъват ба амал оварда шуд, ки мувофиқи имкониятҳои мавҷуда дар таъмиру азнавсозии муассисаҳои таълимии хатмкардаи хеш саҳм гузоранд.