БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВАРЗИШ БАРОИ СОЛИМГАРДОНИИ ШАҲРВАНДОН НАҚШИ МУАССИР МЕГУЗОРАД

НОРАК. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “ Бӯстон”-и минтақаи манзил №3-и шаҳри Норак  қисмати амалии Аксияи ҳизбӣ  таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” баргузор гардид. Дар Аксияи мазкур аз ҷониби вакили Маҷлиси Вакилони халқи шаҳр яке аз аъзои фаъоли ҳизб  Раҳимова Нигина майдончаи варзишӣ  дар маркази кӯчаи Ҷамолиддин Каримзода сохта шуда истодааст. 

Ба истифода дода шудани чунин майдончаҳои варзишӣ ҷалби бештари ҷавонону наврасонро ба намудҳои гуногуни варзиш, аз ҷумлаи футбол, волейбол, баскетбол таъмин намуда, баҳри солимгардонии саломатии шаҳрвандони шаҳр нақши муассир мегузорад.

Дар суханронӣ  қайд кард, ки ба варзиш фаро гирифтани шаҳрвандони ҷумҳурӣ ва солимии ҷомеа, яке аз сиёсатҳои афзалиятноки пешгирифтаи давлату ҳукумати кишвар, бахусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки ин нукта дар Паёми Сарвари давлат ҳамасола инъикос мегардад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg