
ВАХШ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар толори маҷлисгоҳи ташкилоти ибтидоии «Раёсати молия» бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш оид ба татбиқи стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии судманд гузаронида шуд.
Нахуст зимни суҳбат Одилҷон Маҳмадов ба сухан баромада, ёдовар шуд, ки яке аз хатарҳое, ки метавонад ба раванди рушди устувори давлат монеъа гардад ва ба эътибору обрӯи он дар арсаи байналмилалӣ таъсири манфӣ расонад, коррупсия мебошад. Имрӯз низ коррупсия яке аз омилҳои нангин ва хатарноки ҷомеа ба ҳисоб рафта, дар радифи терроризму экстремизм ба амнияти миллӣ ва Истиқлолияти давлатӣ таҳдид менамояд. Инчунин, қайд гардид, ки ҲХДТ коррупсияро ҳамчун воқеияти нангини ҷомеа арзёбӣ намуда, бар ин назар аст, ки ришваю фассод ва сӯистифода аз мансаб дар мақомоти давлатию ҷамъиятӣ пояҳои давлатдориро заиф сохта, ахлоқи ҷомеаро коста мегардонад ва ҷои арзишу муносибатҳои солими ҷамъиятиро тасарруф карда, ба ояндаи миллат зиён меоварад.